10.06.2026 04:30

Мумфаршкунии роҳҳои нақлиётгарди кӯчаву паскӯчаҳои ҳудуди ҷамоату деҳа ва маҳаллаҳои зист аз чорабиниҳое мебошад, ки аҳолии деҳот тариқи ҳашар ва сарҷамъона бо эҳсоси ватандӯсти, амалӣ карда истодаанд. Дар ҷамоати Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо саҳми сокинон дар муттаҳидӣ роҳи асосии нақлиётгард пурра мумфарш карда мешавад.