Бо мақсади бозомӯзии ҳунармандони театрҳои вилоят бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд дарсҳои омӯзишии ихтисосӣ ба роҳ монда шудааст. Дар доираи такмили малакаи касбӣ ҳунармандони театр намоишномаи нави худро таҳия менамоянд. Дар таҳияи ин намоишнома коргардони шинохта аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия даъват карда шудааст.
