Дар МД “Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” намоиши сайёр таҳти унвони “Чакан дар фарҳанги тоҷикон” баргузор гашт. Дар ин намоиши сайёр маҳсули дастони кашидадӯзони чор минтақаи ҷумҳурӣ ба миқдори 250 адад нигораҳо ба монанди сӯзанӣ, курта, тоқӣ, рӯймол ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд.
