Маросими қабули савганди ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳим дар Артиши миллӣ ва ҷузъу томҳои он ба ҳисоб рафта, лаҳзаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти наваскарон мебошад. Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-истироҳатии “Истиқлол”-и шаҳри Конибодом чорабинии тантанавии савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 04080-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
