Дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ба муносибати 100- солагии бойгонии давлатии вилояти Суғд конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушд ва пешрафти соҳаи бойгонидорӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат” баргузор гашт. Бояд гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 4 бойгонии давлатӣ, 18 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва 529 бойгонии расмии идоравӣ амал менамояд.
