Дар шаҳри Бӯстон нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид. Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи корҳои ободониву созандагӣ то имрӯз 224 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифта, нақша барзиёд таъмин гардидааст.
