10.06.2026 04:38

Дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои мураббиёни футболи кудакону наврасон баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ мураббиёни футбол аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва Ҷумҳуриҳои Эрону Афғонистон иштирок намуда, малакаю маҳорати худро баланд бардоштанд.