10.06.2026 04:37

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо неругоҳҳои барқии обӣ бунёд шуданд ва тибқи таҳлилҳо таъминоти кишвар бо нерӯи барқ дар қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлоли чандин дараҷа боло рафтааст. Вале вобаста ба афзудани шумораи аҳолӣ, рушду тараққӣ ва пешрафти мамлакат талабот ба нерӯи барқ низ афзоиш меёбад. Ҳамаи ин тақозо менамояд, ки дар истифодаи барқ бояд сарфакор бошем.