Дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т. Асирии шаҳри Хуҷанд озмуни «Китобдори сол-2025» доир гардид, ки он намояндагони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, китобдорони китобхонаҳои бачагона, оммавӣ ва ҳудуди ҷамоату деҳот, ғолибони давраи минтақавиро гирд овард. Ин озмуни вилоятӣ таи 7 сол аст, ки баргузор карда мешавад.
