10.06.2026 04:35

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихор аз давлату миллат, таърихи бостонӣ, фарҳанг ва либоси миллӣ дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Либоси миллӣ – рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ» конференсияи илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ метавонад боиси пешгирии падидаҳои бегонапарастӣ гардад. Зеро либоси миллӣ таърихи куҳан дошта, як рукни муҳими фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба ҳисоб меравад.