Бо иқдом ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ тарбияи ахлоқиву маънавӣ, бедор намудани худогоҳиву меҳанпарастии насли наврасу ҷавон, ҳисси баланди ғурури миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи ниёгон тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Чопи “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва ройгон ба сокинони кишвар дастрас кардани он аз иқдомҳои навбатии фарҳангнпарварона ва дурандешонаи Сарвари давлат аст. Дар ин раванд ба сокинони ноҳияи Айнӣ китоби тозанашри “Шоҳнома” тақдим гардид.
