10.06.2026 04:30

Дар хоҷагии деҳот заминагузорӣ ба ҳосили соли оянда бо шудгори замини ҳосилаш ҷамъоваршуда идома дорад. Шудгори тирамоҳиро мутахассисони соҳа аз омилҳои асосии баланд бардоштани ғизонокии замин, баъдан бо фаро расидани фасли сармову мондани яхоб нобудшавии ҳашароти зарарасон ва дар маҷмуъ мусоидаткунанда ба ҳосилнокии баланди зироати киштшуда маҳсуб медонанд.