Варзишгари бомаҳорати кишвар Сомон Баҳромзода аз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба картингронӣ, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд ба гирифтани як медали тилло ва як медали нуқра мушарраф гардид. Дар ин чорабинии варзишии бонуфуз Сомон Баҳромзода дар байни варзишгарони пуртаҷрибаи кишварҳои ҳамсоя маҳорати баланд нишон дода, парчами кишвари азизамонро боло бардошт.
