10.06.2026 04:30

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба баскетбол байни кормандони ташкилоту идораҳо ва ҷамоату маҳаллаҳо баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ ки бо ташаббуси Федератсияи баскетболи шаҳри Хуҷанд роҳандозӣ гардид 8 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.