Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Ҷоми вилояти Суғд оид ба футзал баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзиши, ки 12-рӯз идома ёфт 16 даста дӯстдорони футзал аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Дар ин мусобиқаи варзиши футзалбозони дастаи “Мусаффо” маҳорати баланд нишон дода соҳиби мақоми аввал ва Ҷоми вилояти Суғд шуданд.
