Захираи маводи кишоварзиву хӯрока дар ҳар оила яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулотҳои ба муддати дароз нигоҳдоршаванда, ба монанди орд, гандум, биринҷ, лӯбиё, равған, шакар ва намак асоси ҳар хонаи тоҷиконро ташкил медиҳад. Захираи ду сола дар ҳар хонадон боиси таъмини оила бо маводи хӯрока мегардад.
