Истеҳсоли пайвастаи маҳсулот аз ҷониби деҳқонон ва захира намудани он дар яхдону сардхонаҳои вилояти Суғд дар давраи тирамоҳу зимистон дастрасӣ ба меваю сабзавоти тару тозаро фароҳам меорад. Дар миқёси вилоят зиёда аз 40 сардхона бо ғунҷоиши аз 40 то 3000 тонна фаъолият дошта, захираи маҳсулот дар онхо ба роҳ монда шудааст.
