10.06.2026 04:36

Шоҳасари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ дар худ ҷасорат, мардонагӣ, меҳанпарастӣ ва ҳикмати ниёгонро гиромӣ медорад. Дастрас намудани он ба мардум ба таҳкими ин арзишҳо мусоидат мекунад. Ба тамоми аҳолии шаҳри Гулистон тавассути мақомоти маҳаллӣ, шуъбаи маориф ва китобхонаҳо “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дастрас карда мешавад.