10.06.2026 04:37

Дар Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Дастовардҳои соҳаи саноати сабук дар шароити индустриалӣ — инноватсионӣ” конференсия баргузор гардид. Дар ҷараёни конференсия бобати рушди бемайлони соҳаи саноат дар кишвар, алалхусус вилояти Суғд маърӯзаҳои пурмуҳтаво шунида шуд.