Бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, тарғиби васеъи варзиш дар деҳот ва ҳамчунин дарёфти чеҳраҳои нав барои ҷалб намудан ба варзиши касбӣ аз моҳи май то моҳи декабр дар тамоми ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мусобиқа оид ба футбол байни сокинони маҳаллаю деҳот баргузор шуд. Дастаи деҳаи Яккабоғи шаҳри Истаравшан дар ин чорабинии варзишӣ маҳорати баланд нишон дода мақоми аввалро соҳиб гашт.
