Дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар вилояти Суғд аз ҷониби масъулини прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шуда, моҳияти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Истифодаи оқилонаи нерӯи барқ аз ҳар нафар масъулияти дучанд ва муносибати неку дурбинонаро талаб мекунад. Ба хусус дар ин айём, ки тағйирёбии иқлим боиси камобӣ ва паст шудани сатҳи об дар обанборҳо гардидааст, сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ муҳим ба шумор меравад.
