10.06.2026 04:38

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷараёни корҳои агротехникӣ чун шудгори замин, шӯршӯиву яхобмонӣ ва бо ин восита заминагузорӣ ба ҳосили соли оянда идома дорад. Соли ҷорӣ дар миқёси вилоят бояд дар масоҳати 205 ҳазору 16 гектар шудгори заминҳои киштшаванда гузаронида шавад, тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзӣ то ба имруз дар масоҳати 67-ҳазору 199 гектар шудгор гузаронида шудааст.