Сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Шаҳристон низ тӯҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китоби Шоҳномаи безаволи Абулқосими Фирдавсиро қабул намуданд. Омӯзиши китоби мазкур ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди кишвар мусоидат хоҳад кард.
