10.06.2026 04:38

Дар замони муосир тағирёбии иқлим ва хушксоливу камбориши яке аз мушкилоти асосӣ дар аксар кишварҳои олам мебошад. Камборишиву хушксолӣ пеш аз ҳама таъсири худро ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фаъолияти бонизоми нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ ва дар ин замина кам истеҳсол шудани нерӯи барқ мерасонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки имрӯз бархе аз сокинони мамлакат дар самти сарфакории нерӯи барқ, истифода аз манбаҳои алтернативии энергия қадамҳои устувор гузоштанд ва бо ин амали худ кӯшиш доранд, ки дар пешрафти иқтисодии хонавода ва давлат саҳми арзанда гузоранд.