Бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бори нахуст баргузор гардид. Сиёсати фарҳангпарварона ва маънавибунёди Сарвари давлат буд, ки ин ташаббус дар ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуда, Озмун сол аз сол бошукӯҳтар баргузор мегардад.
