10.06.2026 04:34

Муассисаи давлатии “Суғдсинамо” филми нави худро ба намоиш гузошт. Ин филм “Паканаи айнакдор” ном дошта, дар жанри фэнтезӣ-ҳаҷвӣ ба навор гирифта шудааст. Филм кӯдакона буда, аввалин кинои миллӣ дар жанри тахаюлии кӯдакона ба ҳисоб меравад.