Зимни баргузории иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид. Пазируфта шудани фарҳанги суманакпазии тоҷикон аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳони мояи ифтихор буда, ҳар яки моро водор менамояд, ки дар ҳифзи мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоем.
