10.06.2026 04:36

Яке аз иқдомҳои арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тақдими китоби шоҳасари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар як оилаи тоҷик мебошад. Ин иқдом рамзи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва забони модарӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстии шаҳрвандон мебошад. Ин навбат корвони китоби “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ вориди шаҳри Истаравшан гардида, он ба сокинони беш аз сесад ҳазор нафараи ин шаҳри бостонӣ тақсим карда мешавад.