10.06.2026 04:38

Хоҷагии деҳоти вилоят фарогири соҳаҳои истеҳсолӣ буда дар фаровонии бозори истеъмолии мардум ва амалӣ кардани амнияти озуқавории мамлакат нақши муҳим дорад. Таи солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба таври фаровон роҳандозӣ гардида, фасли тирамоҳу зимистон бошад, ҳосили сабзавоти гармхона пешкаши харидорон карда мешавад. Дар семинари илмӣ амалие, ки бо иштироки олимону мутахассисони соҳа ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои агросаноатӣ дар МД “Боғи миллии Ваҳдат” баргузор гардид, атрофи роҳу усулҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсолӣ сабзавот дар гармхона, пешгирӣ аз пайдоишу паҳншавии касаливу зараррасонҳо ва амсоли он гуфтугузор ба амал оварда шуд.