Тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд нашр гардида, ба ҳар як хонаводаи кишвар дастрас мегардад, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз гардид. Китоби мазкур барои 25 ҳазору 325 хонаводаи ноҳия бо иштироки гурӯҳҳои корӣ тақдим карда мешавад.
