Дар шаҳру ноҳияҳои кишоварзии вилояти Суғд ба масъалаи яхобмонӣ, обмонии захиравӣ таваҷҷуҳи хоса равона шуда, бо истифода аз обҳои худҷорӣ анҷом дода мешавад. Ба таъкиди мутахассисону олимони соҳа, обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ на танҳо барои парвариши боғу ток, балки барои ҳамаи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ки дар фасли баҳор кишт мешавад, зарур ва муҳим аст.
