Шаҳри Панҷакент ҳамчун шаҳри ҳунармандон шинохта шудааст. Мероси фарҳангии он, аз ҷумла осори бостонӣ, фарҳангу таърих, анъанаҳои ҳунармандӣ шаҳодати равшани маданияти баланди шаҳрдорӣ ва рушди ин минтақа аст. Ҳунари сӯзанидӯзӣ, ки аз замонҳои қадим рамзи завқ, зебоии занони тоҷик маҳсуб меёфт, имрӯз дар шаҳри Панҷакент шакли муосир гирифтааст. Ҳамин аст, ки шаҳри Панҷакент аз тарафи «Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ» расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид.
