10.06.2026 04:33

Яхобмонӣ ва шӯршӯӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон ба ҳисоб рафта, кишоварзон бо ин роҳ метавонанд ба захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ба даст овардани маҳсулоти босифат замина гузоранд. Хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрои тадбирҳои яхобмонӣ ва шӯршӯиро дар асоси дастуру маслиҳати олимони соҳа ба роҳ монда, дар ин давра асосан аз обҳои худҷорӣ истифода мебаранд.