Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ мегузорад. Барои кулли сокинони кишвар махсусан вилояти Суғд Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Рамон ҳамчун роҳнамои кору фаъолият буда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём зикргардида ҷомеъи меҳнатӣ ҳамаҷиҳата талош меварзанд.
