Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷараёни корҳои агротехникӣ чун шудгори замин, шӯршӯиву яхобмонӣ ва бо ин восита заминагузори ба ҳосили соли оянда идома дорад. Тибқи маслиҳати олимони соҳа, шудгори хушсифату саривақтӣ, шӯршӯӣ ва яхобмонӣ ғизонокии заминро то 13 дарсад баланд мебардорад ва ин ба хоҷагидорон имкон медиҳад, ки аз зироати киштаашон бо риояи дигар талаботи агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст оранд.
