Дар доираи иҷлосияи 80-ум Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муҳим таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ — 2027» қабул намуд, ки бо ташаббус ва ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. Ин иқдоми Тоҷикистон идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии кишвар дар самти рушди ҳуқуқ, адолат ва маърифати ҷомеа буда, нуфуз ва мавқеи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
