10.06.2026 04:34

Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар тибби хусусӣ рушд карда, дар онҳо усулҳои нави табобату ҷарроҳиҳо бо таҷҳизоти нодири соҳа гузаронида мешаванд, ки ин имкон медиҳад муроҷиаткунандагон дигар ба хориҷи мамлакат нарафта дар дохили кишвар табобат гиранд. Дар маркази тибби байналмилалии “Мармед” вокеъ дар шаҳри Хуҷанд маркази муосири “Эко” ба истифода дода шуд, ки то имрӯз аллакай 31 оила ба он муроҷиат кардаанд.