Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар равона гардид. Дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти кишвар баён доштанд, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаи калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
