10.06.2026 04:29

Дар меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳои асосии барномаи давлатии ғизои мактабӣ, стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки заминҳои наздимактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни ҷаласа масъулин қайд намуданд, ки ҳифзи сиҳатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани давомот дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф гардидааст.