Барои кишоварзон имрӯзҳо марҳалаи муҳими корҳои саҳроӣ идома дошта, он дар шудгори замин, захираи поруи маҳаллӣ ва шуршӯиву яхобмонӣ зоҳир мегардад. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят то ба санаи 24-уми декбр дар масоҳати 106 ҳазору 369 гектар шудгор ва 2805 гектар яхобмонӣ гузаронида шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои агросаноатӣ ин самти кор идома дорад. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Конибодом имсол шудгори 8251 гектар заминро ба нақша гирифта, азм доранд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ин самти корро ҳарчи тезтар ба итмом расонанд.
