Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сохтмони иншоти ҷашнӣ бо маром ҷараён дорад. Дар ин замина дар ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳанг мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази фарҳанг дорои тамоми шароити корӣ буда, барои фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, кормандони бахши фарҳанги ҷамоат ва баргузории чорабиниҳои мухталиф дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
