Сол аз сол афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, боғу ток ва амсоли он натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба рушди хоҷагии деҳот нигаронида шудааст. Дар ин радиф кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз онҷумла, ғалладонагӣ, сабзавот, картошка, меваҷот ва маҳсулоти чорво нисбат ба соли 2024 ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.
