10.06.2026 04:30

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол таҳти унвони “Футбол ба назди шумо меояд” байни наврасон баргузор гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ 24 даста футболбозони 7- 9 ва 11 сола иштироку маҳоратсанҷӣ карданд. Ин чорабинии варзишӣ бо мақсади рушду оммавияти футбол ва ҷалби кӯдакону наврасон ба ин намуди варзиш баргузор гардид.