Тоҷикистони навин давоми зиёда аз се даҳсола аст, ки соҳибистиқлол гардида, дар ин давра рушду пешрафт ва тараққиёти ҳамаи бахшҳо таъмин гаштааст. Дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми Қувваҳои мусаллаҳи кишвар басо арзанда мебошад. Зеро маҳз таъмини амну суботи ҷомеа, ҳифзи марзу буми мамлакат пояи асосии рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро ташкил медиҳад. Бо талошу дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба яке аз воҳидҳои пуриқтидори низомӣ табдил ёфта, бо тамоми шароит ва навтарин яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ муҷаҳҳаз мебошад.
