10.06.2026 04:32

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Зеро рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ маҳз аз таъмини босифати нерӯи барқ вобастагии зич дорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки дар 10 соли гузашта ба соҳаи энергетикаи кишвар беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Яъне танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардиданд.