Аз санаи 23 – юми декабри соли 2025 то 3 январи соли 2026 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вохӯрда, доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат менамоянд. Чунин мулоқот ва сӯҳбатҳои судманд дар шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дошта, вакилон дар шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.
