Бо мақсади инъикоси пешрафти соҳаи маориф, баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон ба донишандӯзӣ ва ҷалбӣ ҳарчи бештари наврасон ба омӯзиши фанҳо, иштирок дар озмунҳо ва дигар чорабиниҳои мақсаднок дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” намоиши дастовардҳои соҳа таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз” доир карда шуд.
