Омодагии саривақтӣ ба фасли сармо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар сохторҳо имкон медиҳад, ки зимистон бидуни мушкилоти ҷиддӣ паси сар карда шавад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин давра ба истифодаи манбаъҳои алтернативии гармидиҳӣ ва тадбирҳои сарфаи энергия аҳамияти махсус дода мешавад.
