10.06.2026 04:27

Дар доираи нақша чорабиниҳои вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳри Конибодом мулоқоти вакил бо намояндагони соҳаҳои мухталиф ва ҷавонони фаъол доир гардид. Зимни баромаду суханронӣ зикр карда шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз муҳимтарин санади сиёсиву стратегӣ маҳсуб ёфта, на танҳо натиҷаҳои рушди кишварро дар як сол ҷамъбаст мекунад, балки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро барои марҳилаи минбаъдаи давлатдорӣ муайян  месозад.