Маҳфили “Ҳумоюн” бо мақсади тарғиби арзишҳои фарҳангӣ, боло бурдани маънавиёти ҷомеа ва ҳавасмандии насли наврасу ҷавон ба китобхониву китобдорӣ ташкил ва баргузор мегардад. Дар маҳфили “Ҳумоюн” озмуни “Шеъри китоб”, ки аз ҷониби моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Паёми Суғд» эълон гардида буд, ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби маҷаллаи “Паёми Суғд” дар соли 2026 озмуни “Шеъри Истиқлол” эълон карда шуд.
